- моҳ
- (маҳ)[ماه // مه]1. радифи наздик-тарини Замин, ки даври он мегардад ва аз акси нури Офтоб тобон аст, қамар; моҳи дуҳафта а) моҳи чордаҳ, бадр; б) киноя аз рӯи зебо, чеҳраи хушрӯи маҳбуба; моҳи мунир моҳи тобон, моҳи равшан; моҳи нав а) ҳилол; б) киноя аз абрӯи камоншакли маҳбуба; моҳи нима моҳи нопурра, муқоб. моҳи тамом; моҳи пурра // моҳи тамом ниг. моҳи чордаҳ; моҳи шомхӯрда моҳи рӯ ба навшавӣ оварда; гирифти моҳ нуҷ. ҳодисаест, ки дар вақти байни Офтоб ва Замин воқеъ шудани Моҳи пурра он дар сояи Замин монда, аз назар нопадид мегардад, хусуф, гирифтани Моҳ2. маҷ. маҳбубаи зебо, маъшуқаи маҳваш; моҳи дилафрӯз киноя аз дилбар, маҳбубаи зебо3. кит., маҷ. арӯс; моҳу шоҳ арӯсу домод4. нишони махсус ба шакли моҳи нав - ҳилол, ки ба сари гунбази қаср ва дар баъзе парчаму байрақҳо устувор мекунанд5. воҳиди ҳисоби вақт, ки баробари аз дувоздаҳ як ҳиссаи соли тақвимист; моҳи сиём кит. моҳи рӯза, моҳи рамазон; моҳ ба моҳ ҳар моҳ, мунтазам дар ҳар моҳ; як моҳи дароз дар тӯли як моҳи тамом◊ моҳ дидани занон ҳайз дидани занон, одати моҳонаи занон; моҳи беайб шуморидан тамоман бенуқсону бекамбудӣ ҳисоб кардан касеро; дар рӯи касе моҳ дидан ниг. маҳ(дар рӯи касе маҳ дидан); рӯи моҳат рӯи зебоят; бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ (зарб.) аз некон некӣ меомӯзӣ, аз бадон-бадӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.